Овозаи митинги 10-уми октябр дар маркази Душанбе, ки аз баргузории он созмони мухолифи “Гуруҳи 24” хабар дод, хотири бисёриҳоро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон парешон кардааст.
Абдураҳим, сокини Душанбе мегӯяд, аз субҳи имрӯз, 10-уми октябр наздиконаш аз навоҳӣ занг зада, дар бораи вазъи Душанбе суол мекунанд: “Ҳама як суол доранд, ки дар шаҳр чӣ гап? Тинҷист гуфтам ман.”
Мукаррама, як сокини 40-солаи маҳаллаи Дӯстии халқҳои Душанбе мегӯяд, ҳама ҷоро овозаи митинг фаро гирифтааст: “Мегӯянд, дар шаҳр ким чӣ гап аст. Митинг будай чӣ? Ҳамсоязанҳоямон мегӯянд, кӯдаконро имрӯз ба мактаб равон накунем, ки дар шаҳр чӣ гапе аст.” Суолҳо дар бораи вазъи шаҳр аз корбарони “Озодагон” дар хориҷи кишвар низ зиёд ворид мешаванд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз хиёбонҳо, аз ҷумла майдони марказии Душанбе хабар дод, аз гирдиҳамоӣ дар пойтахт ба ҷузъ овоза дигар дараке нест. Ӯ афзуд, дар майдони Исмоили Сомонӣ теъдоди маъмурини пулис нисбат ба дигар рӯзҳо бештар ба назар мерасанд. Дар назди бархе аз масоҷид низ имрӯз маъмурини милиса навбатдорӣ карда истодаанд.
Дар ҳамин ҳол рӯзҳои охир тадобири амниятӣ дар Душанбе тақвият ёфта, теъдоди афсарони таъиноти махсус дар дохил ва даромадгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Қаблан Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” мардумро 10-уми октябр ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват намуд. Тавре назарпурсии “Озодагон” нишон дод, ин ташаббуси Қувватов дар Тоҷикистон тарафдоре надорад.
Бо вуҷуд мақомоти умури дохилӣ 4-уми октябр дар Душанбе машқҳои зидди ошӯбҳои оммавӣ гузаронданд, ки навори он аллакай ба интернет роҳ ёфтааст. Ин навор, ки зери унвони "Миттинг дар Душанбе" нашр шудааст, бисёриҳоро ба таҳлука андохта, аксари корбарон онро ҳамоиши воқеии оммавӣ дар Душанбе пиндоштаанд. АКСҲО аз майдони марказии Душанбе, 10-уми октябр: