“Истиқлол”, “Саройкамар”, “Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” дар даври 1/2-и Ҷоми Тоҷикистон
9 октябр бозиҳои ҷавобии даври чорякниҳойии мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуд. Дар пайи ин бозиҳо “Истиқлол”-и Душанбе, “Саройкамар”-и Панҷ, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Регар-ТадАз”-и Турсунзода ба даври нимфинал роҳ ёфтанд.
Бозиҳои аввали даври ниманиҳойӣ 25-26 октябр баргузор мешавад. “ИСТИҚЛОЛ” бо “САРОЙКАМАР” ва “ХАЙР” бо “РЕГАР-ТАДАЗ” қувваозмоӣ хоҳанд кард. 6 ноябр бозиҳои ҷавобии ин давр доир мегардад.