Шарти Додситонӣ барои авфи аъзои «Гуруҳи 24” ва посухи ҷавонони норозӣ
Додситонии генералии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия гуфтааст, афроде ки дар пайи экстремистӣ эълон шудани “Гуруҳи 24” аз узвият дар ин созмон даст мекашанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.
Додситонӣ бо такя ба моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, сар аз 9 октябр, иштирок дар фаъолияти “Гуруҳи 24” ҷиноят ҳисоб мешавад ва эзоҳ додааст, агар аъзои гуруҳ баъди қабули ҳалномаи додгоҳ ихтиёран аз узвият даст кашанд, ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд.
Дар пайи нашри ин иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар интернет навори ҳамоиши ҷавонони норозӣ аз ҳукумати феълии кишвар паҳн гардид, ки онҳо террористу экстремист эълон шудани худро дар Ватан нодуруст мешуморанд: “Мо як иддаем, ки ҳақамонро талаб мекунем ва ҳеч ноамнию нотинҷии Ватанамонро намехоҳем.”
Дар ин навор, ки дар ҳузури Каромат Шарипов, раҳбари Иттиҳоди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия сабт шудааст, ҷавонон таъкид мекунанд, хоҳони зиндагии арзандаанд ва аз талошҳои ҳукумати феълӣ дар ин самт норозӣ. Онҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон афроде, ки ҳақталошӣ мекунанд, ҳамчун террористу экстремист ва як шахси хатарнок ба амнияти миллӣ радди маърака мешаванд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон пеш аз зуҳри дирӯз, 9 октябр даъвои Додситонии куллро алайҳи “Гуруҳи 24” қонеъ карда, онро гуруҳи экстремистӣ эълон намуд. Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи олӣ зимни қироати ҳалнома гуфт, парванда дар ҳузури намояндагони Хадамоти алоқа, додситонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ шуда, фаъолияти "Гуруҳи 24" бо далели зидди сохти конститутсионӣ ва амнияти миллӣ буданаш, дар Тоҷикистон манъ карда шавад. Тибқи ин ҳалнома паҳн ва нашри ҳар гуна матолиби чопию аудиовизуалии марбут ба "Гуруҳи 24" мамнуъ эълон гардид. Додраси додгоҳи олӣ гуфт, Қувватов метавонад аз болои ин қарор давоми як моҳ шикоят барад.
“Гуруҳи 24” дар ҳоле экстремистӣ эълон шуд, ки раҳбари ин гуруҳи мухолиф Умаралӣ Қувватов аз ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи ӯ ин гирдиҳамоӣ рӯзи 10 октябр дар маркази пойтахт баргузор мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)