Аввалин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан омад. Бе оби зам зам? (АКС)
Аввалин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик баъди зиёрати Хонаи Худо ба Ватан омаданд.
Тавре аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба "Озодагон" гуфтанд, ҳавопаймои ҳоҷиён соати 5-и субҳ ба замин нишаст. Дар ҳамин ҳол, Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, қарор аст, имрӯз як ҳавопаймои дигар аз Ҷидда ба Душанбе парвоз кунад.
Ба гуфтаи номбурда, ҳоло зоироне, ки аз самти Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, ба Ватан бармегарданд ва ҳоҷиёне, ки аз Душанбе ба Ҷидда сафарбар карда буданд, чанд рӯзи дигар аз Мадина мунаввара боздид намуда, баъдан ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.
“Ҳоло баъди адои фаризаи ҳаҷ дар назар аст, беш аз чор ҳазор зоири Тоҷикистон аз Макка ба Мадина интиқол дода шавад. То ҳол тақрибан ду ҳазор нафари онҳо ба Мадинаи мунаввара сафарбар гардидаанд, ки барои иқомати эшон дар Мадина ҳамаи шароити лозима фароҳам оварда шудааст”,-афзуд ӯ.
Ҷаноби Муқим мегӯяд, меҳмонхонаҳои ҳоҷиёни Тоҷикистон дар наздикии масҷиди набавӣ қарор дорад ва ҳоҷиён имкон доранд, панҷ вақт намози худро дар ин масҷид адо намоянд: “Инчунин, барои зиёрати ҷойҳои муқаддас автобусҳои махсус ташкил шудааст ва зоирон имкон доранд, маконҳои муқаддаси Мадинаро аз наздик бубинанд”.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ҳоҷиёни тоҷик бидуни оби зам зам ба Ватан омадаанд. Масъулини кумитаи дин мегӯянд, ахиран бо дастури подшоҳи саудӣ як ҳоҷӣ наметавонад беш аз 5 литр оби зам зам бо худ бубарад: “Ҳоҷиёи тоҷик бе оби зам зам ба Ватан рафтанд. 5 литрӣ ҳаққи онҳоро қаблан тавассути ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Тоҷикистон фиристодем”. Манбаи "Озодагон" таъкид намуд, ки 5 литр оби зам зам ба ҳоҷиён ҳамчун ҳадя дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, яке аз роҳбаладони аввалин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик, ки ба Ватан расиданд ба "Озодагон" гуфт, ҳамаи ҳоҷиён аз фурудгоҳ, "ҳаққи оби зам зами худро гирифтанд".
Ба иттилои Кумитаи дин, имсол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.
Нусхаи дастури подшоҳи саудӣ