ВИДЕО-и таҳлукаандоз ва дастури шифоҳӣ барои “омодабош”-и қудратиҳо
Маъмурини пулис ва амният дар пайи сарусадо оид ба гирдиҳамоии эҳтимолии 10-уми октябр дар маркази Душанбе дастур гирифтаанд, ки зиракию ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, маъмурин дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки ҳар нафаре, ки даст ба гирдиҳамоии эътирозӣ мезанад, боздошт шавад, чун он ғайриқонунӣ ва бе мувофиқа бо мақомот ва бе риояи ҷузъиёти қонунӣ оид ба гирдиҳамоиҳо хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки тадобири амниятӣ дар Душанбе тақвият ёфта, теъдоди афсарони таъиноти махсус дар дохил ва даромадгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Ин тадобир дар ҳолеянд, ки Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” мардумро 10-уми октябр ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват намуд. Тавре назарпурсии “Озодагон” нишон дод, ин ташаббуси Қувватов дар Тоҷикистон тарафдоре надорад. Бо вуҷуди ин як рӯз пеш аз ин гирдиҳамоии эҳтимолӣ, имрӯз 9-уми октябр Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кулли кишвар “Гуруҳи 24”-ро экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар кишвар мамнуъ эълон намуд. Аз ин пештар дастрасӣ ба беш аз 300 сомона ва шабакаҳои интернетӣ масдуд гардид, ки он ҳам ба даъвати Қувватов барои гирдиҳамоӣ рабт дода мешавад. Мақомоти умури дохилӣ инчунин 4-уми октябр дар Душанбе машқҳои зидди ошӯбҳои оммавӣ гузаронданд, ки навори он аллакай ба интернет роҳ ёфтааст. Ин навор, ки зери унвони "Митинг дар Душанбе" нашр шудааст, бисёриҳоро ба таҳлука андохта, аксари корбарон онро ҳамоиши воқеии оммавӣ дар Душанбе пиндоштаанд.
ВИДЕОИ тамрини мақомот алайҳи ошӯбҳои оммавӣ дар маркази Душанбе
Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ташаббускорони эътирозҳои оммавиро ҷинояткорон хонд, ки бо маблағ ва дастури хоҷагони хориҷияшон зидди манофеи миллии кишвар кор мекунанд. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва фармондеҳони пешини Фронти халқию Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин низ даъватҳои "Гуруҳи 24"-ро ба гирдиҳамоӣ дар Душанбе маҳкум карданд.