20 282 "класс"-и як акси ҷаҳонпаҳлавони тоҷик дар интернет
Як акси ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимовро давоми камтар аз панҷ моҳ дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” наздики 20 ҳазору 300 нафар писандидаанд.
Ин аксро Муҳаммад Дӯстов, як корбари 19-солаи ин шабакаи иҷтимоӣ 20 майи соли равон гузошта ва дар шарҳаш бо русӣ навишта, "если не жалко наберем 20.000 класс". Ва то замони навиштани ин хабар акси мазкурро 20 282 нафар писандида ё “класс” гузоштаанд. 45 корбари шабакаи иҷтимоӣ онро ба саҳифаи худ кашида ва шумораи шарҳҳо ба 500 наздик аст.
Бештари шарҳнависон аз Сайидмуъмин Раҳимов ба унвони фахри миллати тоҷик ёд карда, дар ҳаққи ӯ дуо фиристодаанд. “Номбардори миллатро Худованд дар биҳишт нигоҳ дорад. Руҳат шоду хонаи охиратат пурнур бод, омин”,-навиштааст корбаре бо номи Толибшо Қурбонов. Искандар Муминов низ менависад, “Ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимов беҳтарин қаҳрамони тоҷик дар дили халқ зинда хоҳад монд”.
Сайидмуъмин Раҳимов 15 июни соли 1946 дар рустои Ҷорубкули ноҳияи Совет (ҳоло ноҳияи Темурмалик) ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар соли 1974. Баъди хатми донишкада дар ҷамъияти варзишии “Ҳосилот” ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ фаъолият кардааст. Баъдан сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба самбо шуд. Аз соли 1995 то 26 январи соли 2004 райиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва солҳои 2004-2008 президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон буд.
Устоди варзиши Тоҷикистони шӯравӣ (1971), устоди варзиши СССР (1973), қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо (1973, 1975).
Сайидмуъмин Раҳимов 14 феврали соли 2009 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)