Паҳни навиштаҷоти зиддиҳукуматӣ дар хиёбонҳои Душанбе
Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи навиштаҷоти зиддиҳукуматие пардохтаанд, ки рӯзҳои охир дар биноҳои бархе аз кӯчаҳои Душанбе пайдо шудаанд.
Манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, ки чунин навиштаҷот аз ҷумла рӯзи 8-уми октябр дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе пайдо гардиданд, ки бо дастури мақомот зуд тоза карда шуданд. Савдогарони бозори “Сафариён”-и дар маҳаллаи Автовокзал изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти интизомӣ онҳоро низ пурсуҷӯ карда, дар мавриди афроде, ки дар чанд рӯзи охир аз онҳо рангҳои махсуси газмонанд харидаанд, суол кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли равон низ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расмҳо бо навиштаҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон ва “В+24” нашр шуданд, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гирифта шудаанд. Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии "Ватандор", бо нашри ин аксҳо дар саҳифаи Фейсбукаш гуфт, онро ҷавонон шаби 3 июн навиштаанд, ки зидди Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон равона шудаанд.
Пайдо шудани навиштаҷоти нави зиддиҳукуматӣ дар ҳолест, ки мухолифи фирории ҳукумати Тоҷикистон, роҳбари “Гуруҳи 24”, Умаралӣ Қувватов 10-уми октябр мардумро ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват кардааст.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ташаббускорони ин иқдомро ҷинояткорон хонд, ки бо маблағ ва дастури хоҷагони хориҷияшон зидди манофеи миллии кишвар кор мекунанд. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ва фармондеҳони пешини Фронти халқию Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин низ даъватҳои "Гуруҳи 24"-ро ба гирдиҳамоӣ дар Душанбе маҳкум карданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)