Оташсӯзӣ дар лӯлаи нафт ба марги 120 нафар сабаб шуд
Ҳудуди 120 нафар бар асари оташсӯзӣ дар лӯлаи интиқоли нафт дар яке аз маҳаллаҳои камбизоатони Найробӣ, пойтахти Кения ба ҳалокат расиданд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ манзили зист ва хаймаҳои сокинон тӯъмаи оташ гашта, ҳазорон тани дигар бе сарпаноҳ мондаанд. Шоҳидони ҳол гуфтаанд, замоне ки оташсӯзӣ оғоз шуд, афроди муқим дар ин минтақа машғули ҷамъоварии маводи сӯхти ҷоришуда аз хатти лӯлаи нафт будаанд. Зимнан, масъулини мақомоти маҳаллӣ иброз доштаанд, ки беш аз сад нафар ба бемористон интиқол ёфтаанд ва эҳтимоли афзоиши шумори қурбониён мавҷуд аст. {jathumbnail off}