Чӣ муҳимтар аст: Меҳмонхонаи панҷситорадор ё рушди истеҳсолот?
Атохон FАНИЕВ
Ҳафтаи гузашта вакилони парлумони Тоҷикистон меҳмонхонаи навбунёди панҷситорадори “Шератон”-ро аз пардохти андозҳо, аз қабили андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард, ки дар маҷмӯъ 8,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, озод намуданд. Дар робита, ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014” тағйирот ворид шуд.
Меҳмонхонаи панҷситорадори “Шератон”, ки ба маблағи 275 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати хусусии “СИ ЭЙЧЕЛ”-и Ҳиндустон бунёд ёфтааст, дорои 148 хуҷра барои меҳмонони гуногунмартаба аст. Дар маросими кушодани он Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт.
Тавре Аъламхон Наимӣ Қодириён, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ ба вакилони парлумон шарҳ додааст, дар соли 2014 барои бунёди меҳмонхонаи мазкур ба маблағи 37 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ ва дигар таҷҳизот ворид шудааст. Аз ин хисоб 7,6 миллион сомонӣ - андоз аз арзиши иловашуда ва 1,2 миллион сомонӣ ҳисоби иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчиёни асосиро ташкил кардааст.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон ва райиси ҲНИТ аз ин қарори вакилон розӣ нест. Таҷрибаи озодкунии меҳмонхонаҳои панҷситорадор ва дигар иншооти хизматрасонӣ ва дилхушӣ, хеле вақт аст, ки амалӣ мешавад. “Ман ин масъаларо барои баррасӣ пешниҳод кардам. Вақти муҳокимаи қонун бо муовини вазири молия ва мушовири давлатӣ мубоҳиса доштам. Ҳанӯз ду сол пеш, вақти муҳокимаи чунин қонун ман масъалаеро бардоштам, ки чаро имтиёз танҳо ба чунин иншоот дода мешавад, масалан чаро на барои онҳое ки маҳсулот истеҳсол мекунанд? Он замон вазири молия ваъда дода буд, ин маротибаи охир аст ва дигар такрор нахоҳад шуд. Вале, чуноне мебинем, ин таҷриба то ҳанӯз амалӣ мешавад”,- мегӯяд ҷаноби Кабирӣ.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бар ин аст, ки арзиши меҳмонхонаи мазкур хеле баланд буда, наметавонад ба зудӣ хароҷоти худро пӯшонад. Хусусан, ҳоло маълум нест, ки он кай даромаднок хоҳад шуд: “Барои ҳамин вакилон чунин тасмим гирифтаанд, то маблағгузорони воқеиро барои гузоштани маблағ ба самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ ҷалб созанд. Аз он сабаб, ки ман имконияти шиносоӣ бо шартҳои ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки байни ҷонибҳо имзо шудаанд, надоштам, аз тафсили бештар худдорӣ мекунам”.
Аммо номбурда зарурати муайян кардани шахсияти ҷониби Тоҷикистон дар ин лоиҳаро ба миён мегузорад: “Бояд маълум карда шавад, кӣ ӯ бо шахсони бонуфуз манфиатҳои умумӣ дорад ё на, ва танҳо пас аз он метавон дар мавриди паҳлуҳои дигари ин масъала ҳарф зад”.
Муовини райиси ҲСДТ мегӯяд, дар ҳоле ки масъалаи хеле афзалиятноктар, аз қабили додани имтиёзҳо барои рушди истеҳсолот ва тиҷорат, озод намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ аз қисме андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда мавҷуд аст, вакилони парлумон ба рушди самти хизматрасонӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. “Агар аз хизмати ин меҳмонхонаи панҷситорадор гуруҳи маҳдуд баҳравар шаванд, рушди тиҷорат ва истеҳсолот омили баҳрабардории мардуми зиёд хохад шуд. Ва билохира ободии кишвар низ аз рушди он вобаста мебошад”,-илова намуд Шокирҷон Ҳакимов.
Аммо ба гуфтаи бештари соҳибназарон гумон аст, ки вакилон сари ин масъала андеша кунанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)