Маскав муттаҳам дар фурӯши одамонро ба Узбакистон супурд
Шерзод Шоназаров, шаҳрванди Узбакистон, ки дар фурӯши одамон муттаҳам шуда ва дар шаҳри Маскав паноҳ мебурд, ба кишвараш истирдод шудааст.
Ба иттилои додситонии Узбакистон, Русия Шерзодро, ки тӯли 4 сол таҳти пайгард буд, ба ин ниҳод супурдааст. Шерзод Шоназаров моҳи ноябри соли 2007 се ҳамватанашро ба Русия брда, шиносномаҳои онҳоро мегирад ва бидуни маош кор мефармояд. Моҳи апрели соли равон пулиси Маскав ин шаҳрвандаи Узбакистонро боздошт намуд.