Ҳушдори обуҳавошиносон ва эълони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои номуътадил дар кишвар фардо, 9-уми октябр низ идома хоҳад дошт.
Ба иттилои ин ниҳод рӯзҳои 8-9 октябр дар Тоҷикистон боришоти борон, раъду барқ ва дар баландиҳои бештар аз 2500 метр барфрезӣ дар назар аст. Обуҳавошиносон таъкид мекунанд, ки ҳарорати рӯзона дар кишвар то 9-11 дараҷа поён хоҳад рафт.
Инчунин Маркази обуҳавошиносӣ аз хатари фаромадани сел дар бархе аз доманакуҳҳо ва навоҳии куҳӣ ҳушдор додааст.
Дар пасманзари ин ҳушдори обуҳавошиносон Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ бо пахши як иттилоия аз мардум хостааст, эҳтиёткор бошанд ва аз сафар ба навоҳии куҳию саҳроҳо ва шикор худдорӣ кунанд.