Садамаи нақлиётии корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод
Умед, як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод аснои ҳаракат ба самти шаҳри Ваҳдат бо сабукрави тамғаи “Опел” ба садама дучор шудааст.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ин сониҳа миёни деҳаҳои Бӯстон ва Гулистони Файзобод ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи онҳо, мошини таҳти идораи Умед ба муқобили самти ҳаракат баромада бо суръати баланд ба сабукрави дигари “Опел”, ки аз ҷониби шаҳри Ваҳдат меомад, бармехӯрад. Ин садама хисороти ҷонӣ надошта, аммо мусофирони сабукрави дуюм, ки гуфта мешавад, сокинони Тавилдара будаанд, бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод интиқол ёфтаанд.
Бозрасии давлатии автомобилӣ то ҳануз ин қазияро шарҳ надодааст.