Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз модаговҳои сершир ва таваллудхона дар Хуросон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми октябр дар доираи сафари корияш дар ноҳияи Хуросон аз хоҷагии зотпарварии “Саодат” ва бинои навбунёди беморхонаи марказии ноҳия дидан кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии “Саодат”, ки феълан 120 сар модаговҳои ҷӯшо ва 132 сар гӯсола ва буқачаҳои наслдиҳанда дорад, коргоҳи коркарди ширро ифтитоҳ намудааст. Ба иттилои манбаъ хоҷагӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, баъзе модаговҳои он дар як шабонарӯз то 57 литр шир медиҳанд: “Ҳар як модагови ин ферма дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 30 литр шир медиҳад. Аз модаговҳои аз ҳама сермаҳсули ин ферма дар як шабонарӯз то 57 литр шир ҷӯшида мешавад... Қисми зиёди шири ин ферма ва шири аз аҳолӣ харидоришударо барои коркард ба корхонаи коркарди шири Саодати шаҳри Душанбе мефурӯшанд.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон иштирок кардааст, ки бо 13 миллион сомонӣ гранти Олмон сохта, бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии Сименс таъмин карда шудааст: “Дар ин бино шуъбаҳои таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарии ин беморхона ҷойгир карда шуда, ҳадафи асосӣ тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон беҳдошти ҳифзи модару кӯдак мебошад.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо чунин таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ таъмин карда шаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)