Беҳтарин футболбози Белорусия мураббиёни тоҷикро таълим медиҳад
Сергей Алейников, яке аз футболбозони шинохтаи СССР дар доираи барномаи ҳамрайъии олимпӣ мурабиёни тоҷикро таълим хоҳад дод. Ин давраи омӯзишӣ аз 15 по 25 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Сергей Алейников 7 ноябри соли 1961 дар шаҳри Минск ба дунё омадааст. Устоди шоистаи варзиш аст. Дар ҳайати тимҳое ба монанди “Динамо”-и Минск (1981 - 1989), “Ювентус”-и Италия (1989 - 1990), “Лечче”-и Италия (1990 - 1993), “Гамба Осака”-и Ҷопон (1993 - 1995), “Оддеволде”-и Шветсия (1996), “Кориляно”-и Италия (1997) бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими миллии СССР/ИДС 77 маротиба майдон баромада, 6 гол задааст.
Дар пайи як назарпурсии УЕФА ӯ беҳтарин футболбози Белорусия дар 50 соли ахир эътироф шудааст.