Наргис Бандишоева, Камолиддинов, Че Гевара, рӯзи дарахтшинонӣ...
ЧОРШАНБЕ. 8 октябр - 281-умир рӯзи сол. То поёни сол 84 рӯзи дигар монда.
* Наргис Бандишоева (1966 – 1991) – сароянда.
Наргис Бандишоева, тобонтарин овозхони эстрадаи тоҷик агар зинда мебуд, имрӯз ба синни 48 мерасид. Ӯ 8 октябри соли 1966 дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Ҳукуматшо Бандишоев бастакори шинохта, холааш Савсан артисти мардумӣ ва тағояш Марватшо оҳангнависи маъруф буданд.
Истеъдоди Наргис ҳанӯз дар синни шашсолагӣ кашф шуда ва волидон ӯро ба мактаби мусиқии ба номи Чайковский медиҳанд. Вақте ҳафтсола буд, дар як консерти ҳукуматӣ ширкат ва таронаи "Модари ҷон, модарам"-ро иҷро кард. Соли 1989, замони донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода будан, дар озмуни мусиқӣ таронаи Олег Фезов "Лалаик" (алла)-ро иҷро карда, баландтарин имтиёзро соҳиб шуд. Баъд аз як сол дар ҷашнвораи сурудҳои эстрадии "Иссиқкӯл-89" ба унвони "Мисс Иссиқкӯл-89" мушарраф мегардад.
Дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода яке аз устодони Наргис - Меҳрубон Назаров, падари Далер Назаров будааст.
Наргис Бандишоева нахустин хонандаи тоҷик аст, ки соли 1991 барандаи ҷашнвораи байналмилалии “Садои Осиё” ("Азия Дауси")-и Қазоқистон шуд. Дар ин ҷашнвора ба ҷуз ӯ Далер Назаров, Кароматулло Қурбонов, Парвиз Назаров, Олег Фезов ва Парвин Юсуфӣ ҳам ширкат доштаанд. Ӯ ҳатто аз Юлдуз Усмонова, хонандаи номовари узбак ҳам пеш гузашт.
Наргис Бандишоева 21 сентябри соли 1991 дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Дар мавриди марги ӯ то имрӯз сару садоҳо зиёданд. Он садамаи нақлиётӣ суолҳои зиёдеро боқӣ гузошт, ки то имрӯз на волидони Наргис ва на пайвандони ҳаводоронаш ба он посух наёфтаанд.
"Лалаик", "Ҷони ман", "Дар ин шаб мастам", "Дар бари ту", "Маро бишнос бо чашми муҳаббат" ва "Хуш омадӣ"аз маъруфтарин таронаҳои Наргис Бандишоеваанд. Сурудҳои ӯ то имрӯз дар қатори сершунавандаҳо қарор дошта ва хеле зиёд бозхонӣ шудаанд. Гуруҳи ҳунарии “Баракат”-и Рига низ ба сурудҳои Наргис таваҷҷуҳи зиёд дошта, як албоми таронаҳояш комилан аз сурудҳои ӯ иборат аст. Ахиран, ин гуруҳ ба Тоҷикистон омад ва дар Душанбеву Хоруғ ду консерт дода, маҷмӯаи ба ёди Наргис бандишоева бахшидаашро муаррифӣ намуд.
*Пӯлод Атоев (1923-2005) - арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
*Лутфия Иматова (1966)- доктори илми педагогӣ;
* Павел Степанов (1906 – 1988) – доктори илми тиб, профессор;
* Давлат Убайдуллоев (1954) – коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон;
*Уктами Холиқназар (1940) – мутарҷим, мунаққид, нависанда;
Баҳриддин Камолиддинов (1935) – доктори илми филологӣ, профессор.
# Рӯзи дарахтшинонӣ дар Намибия;
# Рӯзи ҳуқуқшинос дар Украина;
# Рӯзи партизан дар Куба;
= Русия ва Фаронса қарордоди сулҳи Парижро имзо гузоштанд (1801);
= Англисҳо нахустин маротиба аз дастпӯши муштзанӣ дар ринг истифода карданд (1818);
= Дар ИМА аввалин маҳбас барои занон боз шуд (1873);
= Нахустин гузориш аз майдони футбол тавассути радио садо дод (1926);
= Че Гевара дар Боливия боздошт шуд (1967);
= Қарзи ИМА аз СММ дар ин сана 1,3 миллиард долларро ҳисоб шуд (1998);
^Шаҳри Душанбе – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат. Шамол аз самти Ғарб 4-9 м/с. Ҳарорат: шабона 7-9, рӯзона 15-17;
^ Навоҳии тобеи марказ – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат. Раъду барқ. Шабона дар баландиҳои беш аз 3000 барф. Шамол аз самти Ғарб 2-7м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7-12, рӯзона 13-18, дар баландкуҳҳо шабона 4-9, рӯзона 9-14;
^ Шаҳри Қӯрғонтеппа – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат. Шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с. Ҳарорат: шабона 11-13, рӯзона 18-20;
^ Шаҳри Кӯлоб – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат. Раъду барқ. Шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с. Ҳарорат: шабона 11-13, рӯзона 18-20;
Вилояти Хатлон – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат. Шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11-16, рӯзона 17-22, доманакуҳҳо шабона 7-12, рӯзона 13-18;
^ Шаҳри Хуҷанд – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат. Шамол аз самти Ғарб 4-9 м/с. Ҳарорат: шабона 6-8, рӯзона 12-14;
Вилояти Суғд – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат. Шабона дар баландиҳои беш аз 2500 барф. Шамол аз самти Ғарб 9-14 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4-9, рӯзона 10-15, дар куҳҳо шабона 1-6, рӯзона 6-11;
^ Шаҳри Хоруғ – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат. Шамол аз самти Ғарб 2-7м/с. Ҳарорат: шабона 4-6, рӯзона 16-18;
ВМКБ – Абрӣ. Борони кӯтоҳмуддат (дар баландии беш аз 2500 метр барф). Шамол аз самти Ғарб 4-9 м/с. Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона 4-9, рӯзона 13-18, дар ШВМКБ шабона 1-6 хунук, рӯзона 4-9 гарм.
Маълумот аз торнамои meteo.tj
1 доллари ИМА -- 4.9981
1 ЕВРО – 6.2912
10 рубли русӣ – 0.1260
1 манати Озарбойҷон -- 6.3719
10 афғонии Афғонистон – 0.8745
1000 риёли Эрон – 0.1874
10 тангаи Қазоқистон – 0.2748
10 соми Қирғизистон – 0.9204
1 юани Чин – 0.8142
1 динори Кувайт – 17.3244
1 манати нави Туркманистон – 1.7537
1 лири Туркия – 2.1934
100 суми Узбакистон – 2.2111
Маъмулот аз торнамои bmt.tj Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)