Ҳалокати Собир Ашӯров бар асари таркиш дар Сурия
Собир Ашӯров, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 28 сол доштааст, дар ҷанги Сурия ҷон додааст.
Тавре манобеи "Озодагон" иттилоъ доданд, Ашӯров сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт мебошад, ки ба қасди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, се рӯзи пеш хабари маргаш аз Сурия расидааст. Ба иттилои манбаъ ин ҷавони тоҷик дар пайи як таркиш зимни даргирӣ дар Сурия ҷон додааст.
Ин дар ҳолест, ки теъдоди ҷангиёни тоҷик расман танҳо дар Сурия ҳудуди 200 нафар арзёбӣ мешавад, ки то имрӯз беш аз 30 нафарашон ҷон додаанд.