Даъвои Додситонии кул алайҳи “Гуруҳи 24” ба Суди Олӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон бо пешниҳоди аризаи даъвогӣ аз Додгоҳи Олӣ хостааст, ки “Гуруҳи 24”-ро ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) эътироф намояду фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ кунад.
Тавре аз додситонӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, “прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, ки он аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон, муттаҳам дар ҷиноятҳои вазнин, Қувватов Умаралӣ Изатович таъсис дода шудааст.”
Додситонии генералии Тоҷикистон мегӯяд, мақсади асосии “Гуруҳи 24” бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад: “Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.”
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки Умаралӣ Қувватов ба иттиҳоми ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ ва азхудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)