Зери чархи ВАЗ-21093 мондани ду донишҷӯи тоҷик дар Русия
Ду ҷавони тоҷик, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Н.П. Огарев, зери чархи ВАЗ-21093 мондаанд.
Бино ба хабарҳои расонаҳои русӣ, ин ҳодиса шоми рӯзи 5 октябр дар кӯчаи Уляновои саранск ба вуқӯъ пайвастааст. Ронандаи сабукрави ВАЗ-21093 ин донишҷӯёни 19-солаи тоҷикро дар пайроҳаи одамгузар зер карда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Шоҳидони воқеа рақамҳои мошинро дар хотир гирифта, ба пулис хабар додаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, ҳоло дар беморхона бистариянд. Дар мавриди вазъи саломатии онҳо низ маълумоте дода нашудааст.