Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия барои пайдо намудани ҷонибдоронаш дар масъалаи мубориза бо Исроил дар қиболи куштори оммавии мусулмонони Фаластин ва таҳоҷум болои мардуми осоиштаи кишвараш ба Миср сафар намуд.
Тавре расонаҳои хабарӣ менависанд, дар Қоҳира дидору гуфтугўи Эрдуғон, ки бо изҳоротҳои тезудундаш дар қиболи сиёсати ғасбкоронаи Исроил болои мусулмонон шинохта шудааст, бо сарвазири Миср Исам Шараф ва сарвари Шўрои олии ҳарбии ин кишвар Ҳусайн Тантавӣ доир гардид.
Сафари нахуствазири Туркия дар ҳоле сурат гирифт, ки мардуми Миср ҷавобан ба амалҳои Исроил болои сокинони осоиштаи Фаластин сафоратхонаи ин кишварро оташ заданд. Исроил бошад, бо фиристодани як тайёраи ҳарбӣ намояндагони дипломатии худро аз хоки Миср берун оварда буд.
Ҳамчунин сарвазири Туркия ба кишвари Либия ва Тунис, ки чанде пеш дар он ҷо балвоҳои мардумӣ сурат гирифта буданд, сафар хоҳад кард.{jathumbnail off}