Нашри аксҳои осори латукӯби Урозов дар идораи пулис (АКС)
Кумитаи байниминтақавии мубориза бо шиканҷа дар Русия аксҳои ҷасади Фаррух Урозов, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки идораи пулиси шаҳри Солнечногорск фавтидааст, нашр намуданд.
Ин созмон дар такя ба акс ва дигар асноду нишондодҳои ҷамъкардааш мегӯяд, Фаррух Урозов, дар пайи бадрафтории маъмурини пулиси шаҳри Солнечногорск фавтидааст. Кумитаи зидди шиканҷа бо дархости Илҳом Алихонов, бародари Фаррух ба таҳқиқи марги ӯ дар идораи пулиси Солнечногорск пардохтааст, ки феълан идома дорад.
Кумитаи зидди шиканҷа аз қавли Илҳом Алихонов менависад, бегоҳи 17-уми сентябр вақте ӯ аз кор ба хона омад, бародараш Фаррух аллакай дар хоб буд: “Баъди 10 дақиқа ба хона маъмурини пулис ҳамроҳи ҳамсоязанамон Светлана даромада, Фаррухро бедор карданд ва зада-зада бурданд. Баъдтар фаҳмидем, ки Фаррухро дар таҷовуз ба номуси духтари 6-солаи Светлана айбдор мекунанд.”
Илҳом афзудааст, баъди чанде маъмурини пулис ӯ ва ҳамроҳаш Фирдавс Сатторовро низ ба идораи пулиси Солнечногорск бурданд: “Он ҷо Фаррухрро дар яке аз утоқҳо латукӯб мекарданд ва ӯ бо овози баланд дод мезад. Барои чанд лаҳза ҳангоми нимкушод будани дар Фаррухро дидам, ки бо дастони баста хунолуд рӯи фарш буд ва бо забони тоҷикӣ сӯи ман гуфт, ки “дигар тоқат карда наметавонам." Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки фарёди ҷонкоҳи Фаррухро маъмурини дигари пулис, ки аз роҳрави идора мегузаштанд, мешуниданд, аммо чорае наандешиданд.”
Илҳом Алихонов афзудааст, ки рӯзи дигар онҳоро аз идораи пулис ҷавоб доданд ва баъди чанде фаҳмиданд, ки Фаррух ба ҳалокат расидааст. Кумитаи зидди шиканҷа мегӯяд, пеш аз интиқоли ҷасади Фаррух ба Ватан осори бадрафторӣ дар бадани ӯро акс гирифтаанд ва талош мекунанд, дастандаркорони марги ӯ муҷозот гарданд.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти амнияти дохилии вилояти Маскав аз боздошти се афсари шуъбаи умури дохилии ноҳияи Солнечногорск хабар дод, ки дар марги Фаррух Урозов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, як майор, сардори шуъбаи куфтукови ҷиноии Солнечногорск ва тобеинаш капитану лейтенанти калон боздошт гардидаанд. Ба иттилои манбаъ ин афрод Фаррухро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтар дар Солнечногорск, ки бегоҳи 17-уми сентябр рух додааст, боздошт карда, мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18-уми сентябр дар роҳрави шуъбаи пулис ҷон бохта, кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ марги ин муҳоҷирро тасдиқ кардаанд.
Дар наворҳҳои видеоӣ лаҳзаи ба шуъба овардани ин муҳоҷири тоҷик сабт шуда, сабтҳои дигар тоза карда шудаанд. Табибон мегӯянд, бинию қабурғаи Урозов шикаста, пардаи гӯшаш дарида будааст. Тибқи иттилои пешакӣ дастандаркорони ин қазия дар лаҳзаи боздошт ва латукӯби муҳоҷир дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.