Пажуҳиш: Голивуд дини Исломро “ваҳшатангез” нишон медиҳад
Ҷек Шоҳин, пажӯҳишгари синамо натиҷаи таҳқиқоташ дар заминаи омӯзиши филмҳои Голивудро дар китоби “Тасвири мутаҳаррики Ислом ва аъроб” нашр кардааст. Ӯ менависад, дар синамои Голивуд Ислом ба таври манфӣ, ҳамчун дини “ваҳшатангез” тасвирсозӣ шудааст.
Ҷек Шоҳин, як лубнонии масеҳитабор буда, дар Амрико ба сар мебарад. Ба таъкиди ӯ, дар синамои Голивуд дини Ислом дар пайванд ба мардсолорӣ, терроризм ва ифротгароӣ тавсир шудааст, ки ин намунаи ошкори “итеъмори фарҳангӣ” ва туҳмати бебунёд алайҳи тарафдорони ин дин мебошад.
Ба пажуҳиши ин муҳаққиқ, арабҳо дар синамои Голивуд ҳамчун намояндагони дини Ислом мардуми дур аз тамаддун, фарҳангситезу биёбонгард муаррифӣ шудаанд, ки “табъиз”-и ошкори фарҳангӣ бар зидди як қавму дин мебошад.
Филмҳои Голивуд дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон паҳн шуда, дар шабакаҳои телевизионӣ ҳамвора ба намоиш гузошта мешаванд. Он серхаридортарин маҳсулоти синамоӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Асари Ҷек Шоҳин ибтидо ба забони ингилисӣ мунташир шуда, баъдан ба забони арабӣ ва форсӣ дар Эрону дигар кишварҳои ҳавзаи забони арабӣ паҳн шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)