АКС: "Як ҷаҳон ташаккур"-и Раҳмон ба муллоҳо ва зикри камбудиҳои мақомот
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аснои боздид аз ноҳияи Қумсангир аз руҳониёни ин минтақа тавсиф карда, нақши онҳоро дар рушду пешрафти ноҳия назаррас хондааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 6 октябр дар доираи як сафари кории худ дар ноҳияи Қумсангир қарор дошт, гуфтааст, давоми солҳои 1997 - 2014 бо дастгирии соҳибкорон, падару модарон ва мақомоти давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия наздики 4 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё шудааст, ки дар он нақши руҳониён ҳам бисёр назаррас аст: “албатта, дар ин самт саҳми шахсони руҳонӣ, аз ҷумла имому имом-хатибон зиёд аст, барои ин кори хайрро дастгирӣ кардан ман ба шумо як ҷаҳон ташаккур мегуям, инро мегӯянд, амали неку кори хайр, раҳмат”. Тавсифи Раҳмон аз муллоҳо дар Қумсангир дар ҳолест, ки Холмурод Раҳмонов, раиси ин ноҳия қаблан изҳор дошта буд, ки "аз муллоҳо тарсидан даркор нест ва бо назардошти эътиборашон онҳоро ҳар чӣ бештар ба корҳои ободонию пешрафт ҷалб бояд намуд."
Эмомалӣ Раҳмон дар идома бо зикри дастовардҳои мақомоти давлатӣ аз камбудиҳои онҳо низ ёдовар шуда, афзудааст, ки дар соҳаи маорифи ноҳия то ҳол масъалаҳои ҳалталабе вуҷуд доранд, ки бартараф кардани онҳо аз мақомоти дахлдор масъулияти ҷиддиву саривақтиро тақозо менамояд: “Масоили вобаста ба таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, бахусус омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, тақвият додани корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагон, дар зеҳни онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, татбиқи бечунучарои қонунҳои дар самти таълиму тарбия қабулшуда, тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон ва ҳифзу ҳимояи онҳо аз гаравиш ба ҷараёнҳои ифротгаро аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад”.
Дар ноҳияи Панҷ низ Эмомалӣ Раҳмон хостори қатъи таърифҳои барзиёди президент ва дигар мансабдорон шуда, таъкид намудааст, ки агар мо камбудиҳоро худамон ислоҳ накунем, касе онҳоро бартараф нахоҳад кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки вақте таърифу тавсиф зиёд шуд, эҳтимоли роҳ додан ба хатоиҳо низ афзоиш меёбад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати Тоҷикистон низ бекамбудӣ нест ва илова намудааст, ки бояд дастаҷамъона дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти ҷомеа бошем. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)