Бахши русии “Озодагон” ҳамроҳ бо 299 сомонаи дигар масдуд шудааст?
Расонаҳо аз масдуд шудани ҳудуди 300 сомонаи интернетӣ дар се рӯзи ахир хабар медиҳанд.
Муштариёни шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Вконтакте ҳанӯз рӯзи 4 октябр аз маҳдудиятҳо шикоят мекарданд. Ҳамон рӯз, торнамои бахши русии “Озодагон” - catoday.org ҳам дастнорас шуд.
Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳои русӣ аз масдуд шудани наздики 300 торнамо дар Тоҷикистон хабар додаанд. Бархе аз намояндаҳои ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳам ба “Азия Плюс” аз дарёфти мактуб бо дархости масдудияти ҳудуди сесад сомона, бо шумули Фейсбук, Википедиа, торнамоҳои хабарии Русия ва “сайтшиканҳо” хабар додаанд. Бархе аз ин ширкатҳо гуфтаанд, амри бастани сайтҳоро бо як занги телефонӣ аз Хадамоти алоқа гирифтаанд. Аммо Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, дар мавриди бастани шабакаҳои иҷтитмоӣ ва торнамоҳои дигар амре надодааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)