Дастури генерал: Милисаҳоро низ минбаъд гӯш ва сабт мекунанд (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуруди таҷҳизоти махсуси рақамӣ гуфтору рафтори кормандони милисаро зимни адои хизмат назорат ва сабт хоҳанд кард.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, таҷҳизоти нав бо дастури вазир, генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода ворид гардида, он дар либоси низомии кормандони милитсия, аз ҷумла нозирони БДА насб хоҳад шуд: “Таҷҳизоти мазкур имконият медиҳад, ки нозирони дахлдори мақомот тамоми ҳаракат, муносибат, муошират, аз ҷумла ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муносибати берун аз доираи одоб ва этикаи касбӣ, рафтори дағалонаи кормандони мақомот ва шаҳрвандонро пурра сабт намоянд. Ба ин васила бо ёрии таҷҳизоти мазкур сабти навор ва овоз гирифта шуда мустақиман ба автомашинаи патрулии махсусгардонидашуда расонида мешавад.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муътақид аст, ки бо таҷҳизоти назоратӣ дағалию беэҳтиромии кормандони қудратӣ нисбати якдигар ва шаҳрвандон пешгирӣ хоҳад шуд: “Таҷҳизоти зикргардида маърифати муоширати кормандони мақомоту шаҳрвандонро баланд бардошта, рафти адои хизматбариро ба низоми муайян медарорад.”