ВИДЕО: “Жевачка”, “пуфак”, тухм ва қанду 1 cомонӣ. Идонаи сокинони пойтахт ба кӯдакон
Қабл аз Иди саиди Фитр бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сокинон даъват карда буданд, дар рӯзи ид ба ҷои “жевачка”-ву қанд ба кӯдакон китобу дафтар ҳадя кунанд. Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ яке аз нафароне буд, ки ин пешниҳодро таҷриба кард. Баъди Иди Рамазон ӯ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, “тасмим шуд, миқдоре аз китобҳои бачагона, дафтар, албоми расмкашӣ, қаламҳои ранга ва худкор ва қанду "жевачка" ҳадя шавад ба бачаҳо. Субҳи рӯзи Ид дар ҳавлӣ ин ҳамаро болои мизе чидем ва дар паҳлӯи китобҳо "жевачка"-ҳои рангину дилкаш ҳам гузошта шуд”. Ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, таваҷҷуҳи бештари кӯдаконро китобу дафтар ба худ ҷалб кард.
Як рӯз қабл аз Иди Қурбон хабарнигори “Озодагон” аз сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пурсид, ба кӯдакон чӣ “идгардак” медиҳанд. Бештари мусоҳибон изҳор доштанд, “жевачка”-ву “пуфак” ва қанду тухм харидорӣ кардаанд. Чанд нафар гуфт, “як сомонӣ” медиҳанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)