Тоҷикистониён ҳамроҳ бо шиаҳои Лубнону африқоиҳо ид мекунанд
Дақиқ намудани рӯзи Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги пайравони дини мубини Ислом, ки ба 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа рост меояд, имсол баҳси зиёдеро дар пай дошт. Дар баъзе кишварҳо Иди Қурбон рӯзи 4 ва дар бархеи дигар 5 октябр эълон шудааст.
Аксар давлатҳои исломиву мусулмоннишин, бо шумули Миср, Фаластин, Тунис, Ироқ, Яман, Урдун, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Судон, Сурия, Уммон, Туркия ва Афғонистон, дар муайян кардани ид ба Арабистони Саудӣ пайравӣ карда, 4 октябрро Иди Қурбон эълон кардаанд. Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари ду кишвари африқоӣ- Мағриб (Марокаш) ва Мавритания 5 октябрро рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа ва Иди Қурбон гуфтаанд.
Аммо лубнониҳо дар таҷлили Иди Қурбон ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд. Шайх Абдуллатиф Дариён, муфтии аҳли суннати Лубнон барои сунниҳо рӯзи 4 ва Маҷлиси исломии шиаҳои ин кишвар барои пайравони аҳли ташайюъ 5 октябрро Иди Қурбон муайян кардаанд. Дар Сенегал низ бар асари ихтилофҳои зиёд Иди Қурбон ду рӯз – 4 ва 5 октябр эълон шудааст.
Дар ҳоле ки аксар кишварҳои исломӣ ва мусалмонишини ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистону Узбакистон рӯзи Иди Қурбонро 4 октябр медонанд, Тоҷикистон дар қатори Эрону шиаҳои Лубнон ва ду кишвари африқоии Мағриб ва Мавритания 5 октябр аз он таҷлил мекунад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, рӯзи Иди Қурбон ё Азҳоро 5 октябр, дақиқан дар рӯзи таваллуди раиси ҷумҳури кишвар - Эмомалӣ Раҳмон таъин кард.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баъди бо вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шудани қарори шӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шарҳи он пардохта, гуфт, аъзои ниҳоди зертобеаш баъд аз баҳсу баррасӣ ва ҳисобҳои зиёд Иди Қурбонро 5 октябр таъин кардаанд ва аз мардум хост, аз он пайравӣ намоянд. “Аъзои Шӯрои уламо рӯзи идро 5 октябр эълон кардааст ва бояд ҳамаи мову шумо пайравӣ аз Шӯрои уламо кунем. Агар аъзои шӯро хато карда бошанд, онҳо гунаҳкор ҳастанд. Ба мову шумо ҳеч гап нест. Агар савоб карданд, аҷру подош мегиранд”,-таъкид кард ӯ.
Тоҷикистониён рӯзи 5 октябр дар баробари Иди Қурбон аз Иди забони давлатӣ ҳам таҷлил мекунанд. Инчунин, сабқати дзюдо барои дарёфти Ҷоми президент низ дар ин рӯз баргузор мешавад.
Иди Қурбон Дар Тоҷикистон баъд аз солҳои навадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)