Тайи 20 соли ахир ҳудуди 8 ҳазор бинои баландошёна дар 5 шаҳри Тоҷикистон умуман тармим нашуда, вазъи ногуворе доранд.
Дар ин бора зимни як ҳамойиши вижа, ки дар маркази тадқиқоти стратегӣ ҷараён дошт ва мубтакири он Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон буд, иброз гардид. Гуфта мешавад, тадқиқоти мазкур бо кӯмаки молии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Чкаловск анҷом шудааст. Баҳодур Ҳабибов, сарвари Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон , дар маросими муаррифии пажӯҳиши “Мушорикати шаҳрвандон дар ислоҳоти нигаҳдорӣ ва идории биноҳои бисёрошёна дар шаҳрҳо” гуфт, дар Тоҷикистон низоми нигаҳдории давлатии даврони шӯравии пешин аз миён рафта, аммо то ҳол системаи дигари ҷойгузини он рӯйи кор наомадааст.Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни пажӯҳиш рӯшан шудааст, бо вуҷуди фурӯпошиии Иттиҳоди Шӯравӣ мафкураи бештари сокинони биноҳои бисёрошёна тағйир накарда ва то ҳол интизоранд, ниҳодҳои давлатӣ биноҳои баландошёнаро тармиму бозсозӣ хоҳад кард.Ин дар ҳолест, ки 98 дар сади биноҳои баландошёна хусусӣ шуда ва тибқи муқаррароти ҷадид тармиму бозсозии лифт, зинаҳо, бом ва атрофи манзил бояд бо сармояи сокинони ин биноҳо анҷом шавад.
Баҳодур Ҳабибов гуфт, то ҳол дар шаҳрҳои Тоҷикистон 100 ширкати соҳибмулкони манзил таъсис шудааст, ки аз сокинон барои тармиму бозсозии биноҳои баландошёна маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо барои бароварда сохтани ниёзҳои ҳамаи биноҳои баландошёнаи кишвар 10 ҳазор чунин ширкат лозим аст.Бар асоси ин пажӯҳиш, 91 дар сади пурсишшудагон аз фаъолияти Хоҷагии коммуналию манзилӣ (ЖЭУ), ки як ниҳоди давлатӣ аст, қонеъ набуда ва хостори барҳам додани ин ниҳод шудаанд.Пурсишшудагон гуфтаанд, ки ин ниҳод аз сокинон маблағ ҷамъоварӣ карда, аммо ба истиснои додани маълумотнома аз маҳалли зист кори дигареро анҷом намедиҳад.
Гуфтанист, Иттифоқи истеъмолкунандагон натиҷаи пажӯҳишро ба ҳукумати кишвар ироа карда, хостори ислоҳоти ҷиддӣ дар бахши манзилу хизматрасонии коммуналӣ шудааст.jeuvaislohot.JPG