Гирдиҳамоии ҳудуди 3 миллион мусалмон дар Арафот
Наздик ба 3 миллион зоири Хонаи Худо имрӯз, 3 октябр барои адои муҳимтарин ойини Ҳаҷ дар дашти Арафот гирди ҳам меоянд.
Ин дашт дар ҳудуди 20 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҷойгир буда, бар асоси сарчашмаҳои фиқҳӣ маҳалли нахустин дидори Одаму Ҳаво – бобову момои ҳама инсонҳо баъд аз ронда шудан аз биҳишт ва макони ироаи охирин паёми пайғомбари Ислом Муҳаммад (с) мебошад.
Хутбаи Ҳаҷҷу лабайк, дуо ва намозҳои пешину аср дар Арафот хонда мешаванду зоирин баъд аз ғуруби офтоб ба маҳалли маъруф ба Муздалифа, ки миёни Арафот ва Мино ҷойгир аст, боз мегарданд. Тибқи аҳодиси набавӣ ҳузур доштани зоир дар ҳудуди дашти Арафот рӯзи 9-уми моҳи Зулҳиҷҷа шарти асосии Ҳаҷ мебошад, ки уламо тарки онро ботилкунандаи Ҳаҷ хондаанд.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно дар даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа фарз мебошад. Ҳамасола аз гӯшаву канори олам ҳудуди се миллион нафар барои зиёрати Хонаи Худо озими Маккаи мукаррама мешаванд. Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, имсол беш аз 6 ҳазор сокини кишвар барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаааст.
Иштироки ҳар сокини Тоҷикистон дар маросими Ҳаҷ-2014 бар ивази 18 ҳазору 164 сомонӣ имконпазир шуд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба ин маблағ хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайра дохил аст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)