Зикри Оқохони IV-у Аҳмадзай ва лағви Кабирию Каримов аз рӯйхати “500 мусулмони бунуфуз”
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон бо нашри гузориши наваш зери унвони “500 мусулмони бонуфуз барои солҳои 2014 – 2015” номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз ин рӯйхат лағв кардааст.
Таҳиягарони гузориш дар соли 2013-ум Муҳиддин Кабириро дар рӯйхати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” зикр карда, аз ӯ ҳамчун нафаре, ки тавонистааст Ҳизби наҳзатро аз порашавӣ наҷот диҳад, ёдоварӣ намуда буданд. Аз Кабирӣ пештар дар ин феҳраст Тоҷикистонро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мекард, ки ӯ низ дар ду соли охир ба ин рӯйхат ворид нашудааст.
Инчунин имсол аз рӯйхат Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон берун мондааст. Дар қатори чеҳраҳои нави ин рӯйхат Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури тозаинтихоби Афғонистон номбар гардидааст.
Дар сархати феҳристи нави мусалмонони бонуфузтарин шоҳи Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд қарор дорад. Дар пайи ӯ Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб, шайхи аъзами Донишгоҳи “Ал-Азҳар” аз Миср ва Алӣ Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.
Оқохони IV, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ оғоз мешавад дар феҳрасти мусалмонони бунуфузтарин ҷои 39-умро гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV то 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.