Коҳиши қурби доллар баъди сафари зоирини тоҷик
Бонки миллии Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани қурби доллари амрикоӣ дар бозори нақди кишвар хабар медиҳад, ки феълан дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе 5,09 – 5,12 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки ду ҳафтаи қабл қурби як доллар дар Душанбе ба ҳадди 5,19 сомонӣ расида буд, ки нишондоди рекордӣ мебошад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ҷаҳишу коҳиши қурби доллар дар Тоҷикистон ба маъракаи ҳаҷ рабт дорад, ки якбора ниёз ба асъори хориҷиро зиёд мекунад. Озар Холназаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, агар ҳар зоири тоҷик ба ҳисоби миёна ҳадди ақал бо худ 500 доллари амрикоӣ барад, дар муддати ҳамагӣ 10 рӯз аз кишвар 3 миллион доллари нақд мебарояд, ки он ба қурб дар бозори нақд бетаъсир намемонад: “Дар бозори нақд низ чун дар дигар бозорҳо нархҳо аз талабот вобастаанд.”
Сафари зоирини Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо имсол 11-уми сентябр оғоз шуда, шоми 28 ба 29 сентябр охирин гуруҳи зоирони тоҷик дар Арабистони Саудӣ фуруд омаданд.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, имсол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.