Заминҷунбӣ дар як рӯз Роғунро 3 бор ларзонд
Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон шоми 1-уми октябр дар минтақаи Роғун заминларзаи 4,5 баллиро сабт кардааст, ки сеюмин заминҷунбӣ дар ҳамин рӯз мебошад.
Ба иттилои ин ниҳод заминҷунбии охир соати 21:49 дақиқа дар минтақаи Роғун сабт гардид, ки иқтидори он дар марказ 4,5 бал ва дар Душанбе ба 2,3 бал баробар шудааст: “Маркази заминларза дар 79 киллометрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 10 киллометр дуртар аз маҳалли сохтмони Роғун будааст"-афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки субҳи 1-уми октябр дар навоҳии наздик ба Роғун-минтақаи Рашт ва Тавилдара ду заминҷунбии 4 ва 4,5 баллӣ ба қайд гирифта шуданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, хисороте дар пайи ин заминҷунбиҳо сабт нагардидааст.