АКС: Ихтисоси 30 гектар замин барои сунниҳои Эрон. Намози идро онҷо мегузоранд
Мақомоти Эрон ба сунниҳои шаҳри Зоҳидони ин кишвар барои адои фаризаҳои динияшон 30 га замин ҷудо кардааст. Дар ин бора Бошгоҳи ҳаводорони Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ, имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон хабар дода, гуфтааст, ин қитъаи замин расман рӯзи 1 октябр дар ихтиёри сокинони Зоҳидон гузошта шудааст.
Бошгоҳи ҳаводорони Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ дар шарҳи ин хабари худ ба табрики сунниҳои Эрон пардохта, навиштааст, “Баъд аз чанд соли интизорию талошҳо ба хотири ҷудо шудани қитъаи замин барои аҳли суннати Зоҳидон, 1 октябр ин орзӯ амалӣ гардид”.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло корҳои ободӣ дар ин майдон оғоз шуда, интизор меравад, пайравони аҳли суннати Зоҳидон намози Иди Қурбонро дар ин минтақа гузоранд.
Ҷудо шудани майдони 30 га замин дар шаҳри Зоҳидон барои сунниҳои Эрон дар ҳолест, ки Мавлоно Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ дар мулоқоти ахири худ бо Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар хостори бунёди масоҷид барои аҳли суннат шуда буд.