Шаҳрдории Душанбе ба муносибати Иди Қурбон ярмарка-фурӯшҳо доир мекунад
Шаҳрдории Душанбе барои ғанӣ гардонидани дастурхони идонаи сокинон ба ифтихори Иди Қурбон дастурҳои хешро шоми 30 сентябри соли 2014 зимни баргузории як ҷаласаи ихтисосӣ ба масъулин ироа намуд.
Мутобиқ ба он, бо ҷалби зарфияти Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» ва дигар бозорҳои хусусӣ рӯзҳои 3 - 4 октябри соли 2014 дар кулли бозорҳои дар марзи шаҳр фаъолияткунанда ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишварзию саноатӣ доир карда мешавад.
Зимнан Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ ва чораҳои зиддисӯхториро дар бозорҳои истеъмолии шаҳр пурзӯр намоянд.