“Сиришт”-и телевизиони “Сафина” дар панҷгонаи ТЭФИ-2014
Барномаи “Сиришт”-и телевизиони “Сафина” ба панҷгонаи беҳтарин барномаҳои муаллифии ҷаҳорумин ҷашнвораи байналмилалии телевизионии мавсум ба “ТЭФИ Иттиҳод” роҳ ёфтааст.
Зафар Сайидов, муаллифи барномаи “Сиришт” ба “Озодагон” гуфт, барои ин ҷашнвора барномаеро фиристода буд, ки аз ҳаёт ва фаъолияти Зебунисо Рустамова, камонвари шинохтаи тоҷик нақл мекард ва он ҳамроҳ бо чор барномаи дигар аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғистон ва Гурҷистон шомили панҷгона шуд.
“Вақте ҳакамони ҷашнвора ин панҷгонаро баррасӣ карданд, дар бораи “Сиришт” чизе нагуфтанд. Пурсидам, ки чаро дар бораи ин барнома нагуфтед, ҷавоб доданд, ки зеро камбудӣ надошт”,-мегӯяд Зафар Сайидов.
Тибқи муқаррароти ҷашнвораи ТЭФИ Иттиҳод, ки аз сӯйи Бунёди Академияи телевизионии Русия таъсис ёфтааст, он ҳар сол дар яке аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мешавад ва имсол Бокуи Озарбойҷон мизбони он буд. Пешниҳоди барномаҳо ба чаҳорумин ҷашнвораи ТЭФИ Иттиҳод моҳи май шурӯъ гардид. Ба он аз 12 кишвар 50 барнома пешниҳод шудааст, аммо ҳакамон танҳо 12 барномаро ба ҷашнвора роҳ додаанд.
Телевизиони “Сафина” соли сеюм аст, ки дар ин ҷашнвора иштирок мекунад, аммо бори нахуст ба панҷгонаи барномаҳои беҳтарин ворид шуд.
Барномаи "Сиришт", ки аз чор соли пеш дар телевизиони "Сафина" пахш мешавад, соли равон "Беҳтарин барномаи телевизионии сол"-и ҷоизаи "Ҷило-2014"-ро соҳиб шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)