Се озмоишгоҳи фаннӣ мавриди истифодаи устодону хонандагон қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз дафтари матбуотии вазорати маориф иттилоъ доданд, бо кӯмаки ҳукумати ҶТ, вазорати маориф ва созмони ҷаҳонии “ЮНЕСКО” дар литсейи президентии пойтахт се озмоишгоҳ барои дарсҳои физика, кимиё ва биология ва як синфхонаи компютерӣ кушода шуд. Зимнан дар ин маросим вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонову намояндаи миллии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар ЮНЕСКО ва хабарнигорон ширкат доштанд. Раҳмонов ва Кароматулло Олимов аз пиёдашавии иқдоми мазкур изҳори хушнудӣ карда, аз талабагони литсейи президентӣ даъват карданд, ки пайваста дониш омӯзанду мутахассиси ҳирфаии соҳа шаванд. Дар баробари ин ашёҳои ҷадиди фанновариро эҳтиёт кунанд. Ёдрас менамоем, ин муассисаи таълимӣ соли 1992 ҳамчун литсей- интернати ҷумҳуриявии рақами 1 ба фаъолият сар кард. Соли 1998 номи литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқатро соҳиб шуд.{jathumbnail off}