Гӯшт-34 сомонӣ: Ваъдаи шаҳрдорӣ дар Иди Қурбон
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, нархи маводи ниёзи аввалро дар арафаи Иди Қурбон, ки имсол дар Тоҷикистон 5-уми октябр таҷлил мегардад, таҳти назорат хоҳанд гирифт.
Ба иттилои идораи рушди иқтисод ва савдои Душанбе нархи гӯштро, ки серхаридортарин маҳсулот дар Иди Қурбон аст, дар ҳадди 34 сомонӣ барои як кило нигоҳ хоҳанд дошт: “Бо ин мақсад корхонаи захира ва фурӯши маводи ниёзи аввалия аллакай даҳҳо тонна гӯштро захира намудааст.”
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ дар намози ахири ҷумъа аз тоҷирони кишвар хост, аз омад-омади Иди Қурбон сӯиистифода накунанду нархҳоро боло набаранд: “Тоҷирон аз ҷашнҳо сӯиистифода мекунанд ва нархҳоро боло мебаранд, ки гуноҳи азим асту азоби дарднок дорад.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи Рамазон боло рафтани нархи гӯштро мояи нигаронӣ ва беасос хонда буд: “Нархи сӯзишворӣ нисбат ба чанд соли охир хеле паст шуда, хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ фаровон аст ва арзиши гӯшт дар бозор набояд боло равад. Бинобар ин болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард”.-таъкид дошт раисиҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)