Дар Душанбе роҳҳои нави мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ мекунанд
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ имрӯз, 1 октябр ба Душанбе меояд.
Ӯ дар ҷаласаи шӯрои раҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СПАД иштирок хоҳад кард. Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш роҳҳои нави мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба танзим даровардани он баррасӣ мешаванд. Идора кардани муҳоҷират ва ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷират бо мақомоти марзбонӣ яке аз мавзӯъҳои дигари ин ҷаласа будааст.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки намояндаҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.