Даъвати вазири хориҷа аз СММ: Табадулоти давлатиро тағйири қудрат нашиносед
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аз Созмони милали мутаҳид даъват кардааст, табадулоти давлатиро ба ҳайси тағйири қудрат нашиносад.
Лавров аснои суханронӣ дар Асанблеяи генералии СММ инчунин пешниҳод кардааст, аз дахолат дар умури кишварҳо ҷилавгирӣ шавад. Раҳбари дипломатҳои Русия аз равобити дипломатии Шӯравии собиқ ва ИМА ёдоварӣ карда гуфтааст, соли 1993 Амрико ҳамчун шарт аз Маскав дархост кардааст, мудохила накардан дар умури кишварҳо ва роҳ надодан ба табадулоти давлатиро замонат бидиҳад: “Он замон дар Вашингтон аз вируси инқилобӣ тарс доштанд ва ин гуна замонатҳо аз ду ҷониб дода шуд”.
Оқои Лавров дар идома гуфтааст, “ҷой дорад, ки ба ин мавзӯъ баргардем ва тақозои онвақтаи ҳукумати Амрикоро дар миқёси ҷаҳонӣ ҷорӣ кунем”. Ба гуфтаи ӯ, Амрикову Иттиҳоди Аврупо ҳамчун барандагони ҷанги сард ба густариши он дар паҳнои геополитикии зери контроли худ бидуни ба инобат гирифтани манофеи тамоми мардуми Аврупо мусоидат карданд. Ӯ гуфтааст, Укроин қурбони чунин сиёсат шуд: “Амрикову Иттиҳоди Аврупо табадулоти давлатиро дар Украина пуштибонӣ намуда, ҳамаи амалкардҳои ҷудоихоҳонро ҳимоя карданд ва бахше аз мардумро, ки муқобили корҳои ғайриқонунӣ буданд, саркӯб сохтанд”.