Мавлавӣ Абдулҳамид ба Обама роҳи мубориза бо терроризмро нишон дод
Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ, имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон роҳи Амрико ва муттаҳидонаш дар мубориза алайҳи терроризм ва тундгароиро номуваффақ номидааст.
Ӯ дар охирин хутбаи намози ҷумъа бо зикри ин нукта, ки аз байн бурдани ҷангу хушунат бо ҷангу хушунат имкон надорад, дар хитоб ба Созмони милали муттаҳид ва абарқудратҳо гуфтааст, “муборизаи шумо поённопазир аст”.
Ба қавли Мавлавӣ, “ифротгароӣ бояд решаёбӣ шавад ва то замоне, ки маълул решаёбӣ нашавад, наметавон бо омил ва иллат мубориза кард ва ҳар иқдоме низ дар ин ҷода роҳандозӣ шавад, номуваффақ хоҳад буд”. Исмоилзиҳӣ аз раванду натиҷаи иҷлоси ахири СММ изҳори норозигӣ намуда, ибрози таассуф кардааст, ки дар ин ҳамоиш ба ҷои пайдо кардани роҳҳалҳои мусоламатомези мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва хушунат дар ин самт аз калимаҳои таҳдидомез кор гирифтанд.
Имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон инчунин аз ҳарфҳои Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар ин иҷлос бо шиддат интиқод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Обама дар ҳоле аз вуҷуди гуруҳҳои ифротӣ нигаронӣ дораду онҳоро бемории саратон меҳисобад, ки бузургтарин бемории саратон ва омили ба вуҷудорандаи нооромию бемориҳои дигар – Исроил дар рӯбарӯяш қарор дорад ва дар бораи ӯ ҳатто даҳан боз намекунад: “Ҳимоятҳои номуносиби қудратҳои ғарбӣ аз ин режим аслитарин решаи фасод аст. Режими кунунии Исроил дар давоми 50 рӯз дар навори Ғаззаи Фаластин беш аз ду ҳазор нафарро қатли ом карда, ҳазорон тани дигарро захмӣ намуд, чаро ин ҷиноятҳо аз сӯи дунё маҳкум нашуду аз зиёдаравии Исроил ҷилавгирӣ накарданд?”
Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ дар хитоб ба муборизон алайҳи терроризм афзудааст, то замони решадавонии ин падидаи номатлуб куҷо буданд, ки ҳоло садо баланд кардаанд: “Худи Шумо Ироқро ба василаи ҷангу бомбаборон дар даст гирифтед ва на танҳо сокинони ин кишварро дар канори ҳам қарор надодед, балки онҳоро душмани якдигар сохтед. Агар дар рӯзҳои аввали ихтилоф дар Сурия сулҳ бар қарор мешуд ва мардуми ин кишвар дар канори якдигар қарор мегирифтанду ба як оштии миллӣ мерасиданд, ҳоло шоҳиди ин мушкилот дар минтақа набудем”.
Имоми Масҷиди Маккӣ дар идомаи хутбааш ба шарҳи далоили ноамнии кишварҳои Ховари Миён пардохта, омили аслии нооромии ин давлатҳои мусулмоннишинро сиёсати тарҳрезишудаи Ғарб хондааст: “Далели бисёри ноамниҳо дар Ироқ, Сурия, Миср, Лубнон ва инҳирофи бедории исломию кашонидани он ба ҷангу хушунат таъмини амнияти Исроил мебошад. Ин қудратҳо мехоҳанд, мусулмонон тамоми қудрат ва тавоноии худро алайҳи якдигар истифода кунанду бо бародаркушӣ машғул бошанд, то Исроил дар амн бошад. Аммо ин сиёсат иштибоҳ аст”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)