ICG: Тоҷикистону Узбакистонро низ инқилобу сарнагунӣ интизор аст, агар...
Созмони байналмилалии буҳронҳо ё худ International Crisis Group, ки ба нияти ҷилавгирӣ аз даргириҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон соли 1995 таъсис ёфтааст, бо нашри як гузориши ҷадид, танишҳои обию марзиро дар Осиёи Марказӣ заминаи нооромиҳои эҳтимолӣ хондааст.
Ба иттилои гузоришгарони созмон танишҳо дар соҳаи обу замин дар пасманзари афзоиши аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Миёна шадидтар мегарданд, чун чораандешии самараноке барои ҳалли ин баҳсҳо амалӣ нашуда истодааст: “Мақомоти узбаку тоҷику қирғиз ба ҳам бовар надоранд ва дар ҳоли бархӯрданд. Дар ҳоле, ки аҳолӣ майли афзоиш дорад ниёз ба обу замин низ бештар хоҳад шуд. Агар соли 2000-ум дар Осиёи Марказӣ 56 миллион нафар зиндагӣ мекарданд, феълан ин нишондод 66 миллион нафарро ташкил медиҳад ва то соли 2040 20 миллиони дигар зам хоҳанд шуд.”
Ин ниҳод бештар аз Узбакистони бой аз газу нафт интиқод намудааст, ки обро бо усули куҳна барои обёрии пахта истифода мекунад, ки дар натиҷа аз 50 то 80 дарсади об барабас меравад. Ҳамчунин гузоришгарони International Crisis Group аз мушкили барқ дар Тоҷикистон зикр карда, хотиррасон намудаанд, ки маҳз мушкилоти барқ дар Қирғизистон боиси сарнагун шудани ҳукумат гардид.
International Crisis Group таъкид мекунад, ки Тоҷикистону Узбакистонро аз инқилобҳо муҳоҷирати оммавӣ ва давлатдории низоми пулисӣ наҷот дода истодааст, вале дар сурати наандешидани чораҳо барои ҳалли мушкилоти дохилӣ ва минтақавӣ эҳтимоли сар задани нооромӣ дар минтақа хеле зиёд аст. Ин созмони байналмилалӣ роҳи ҷилавгирӣ аз танишу нооромиҳо дар Осиёи Марказиро ҳамкорӣ миёни Душанбе, Тошканд ва Бишкек хондааст.