Имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ҷаласаи шӯрои маҷлиси намояндагон сурат пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, зимни нишасти мазкур, лоиҳаҳои қонунҳои Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин манбаъ қайд кард, ки аъзои шӯро созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қазоқистон оид ба расонидани кӯмаки ҳарбии ройгон, созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, созишнома байни давлатҳои аъзои созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ ва созишномаи қарзи имтиёзнок тибқи лоиҳаи ташкили шабакаи ягонаи барқии шимоли Тоҷикистон байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Хитойро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.{jathumbnail off}