(АКС) Крис Бравн: Занонро дар Тоҷикистон хонашин мекунанд
Крис Бравн, як навҷавони 19-солаи инглис, ки муддате дар Тоҷикистон ба сар бурдааст, хотироти худ аз ин кишварро ба як торнамои Бритониё нақл кардааст.
Ӯ аз тариқи Хадамоти ҷаҳонии шаҳрванд ба шаҳри Хуҷанд фиристода шуда, бо соҳибкорзанҳои маркази вилояти Суғд кор кардааст. Бравн дар суҳбат ба торнамои “The Journal” гуфтааст, вақте аз Хадамоти ҷаҳонии шаҳрванд мактуб гирифт, ки бояд Тоҷикистон биравад, ҳеҷ иттилое дар бораи ин кишвар надошт: “Баъдан, дар интернет ҷустуҷӯ кардам, акси мавзеъҳои куҳиро дидам”.
Хадамоти ҷаҳонии шаҳрванд созмонест, ки аз ҷониби ҳукумати Бритониё маблағгузорӣ мешавад ва ҷавонони аз 18 то 25 соларо дар 24 кишвари ҷаҳон барои мубориза алайҳи фақр мефиристад.
“Маҳалли кори ман дар як деҳа буд, ки он ҷо як зан ба тозагӣ кӯдакистон бунёд кардааст. Ӯ кӯдакон ва барномаи омӯзишӣ надошт. Соҳиби ин кӯдакистон як муаллима дошт, вале орзӯ мекард, кӯдакистонаш ба як мактаби калон мубаддал шавад”,-ёдоварӣ кардааст ин ҷавон.
Крис дар идома аз кӯмакҳои довталабонаи гуруҳи худ ёдоварӣ мекунад: “Он чи мо анҷом додем тарғиб ва эълон додан дар бораи ин кӯдакистон буд. Рӯзи кушодашавиро ташкил ва волидайнро даъват кардем то онҳо бидонанд, чаро бояд фарзандони худро ба ин кӯдакистон бидиҳанд”.
Ӯ далели аслии ба ин кӯдакистон рафтанашро ҷунин шарҳ додааст: “Дар Тоҷикистон як фарҳанги алайҳи занон вуҷуд дорад, ки садди роҳи кор кардани онҳо мешавад. Бо ин далел моил ба кор нестанд ва худашон пул кор намекунанд. Аслан, онҳоро ҳамчун зани хонашин дидан мехоҳанд. Мо омадем, ки онҳоро ба анҷом додани корҳои дигар ташвиқ кунем”.
Ӯ гуфтааст, таҷрибаи Тоҷикистон барои ҳамчун шахсият мустақил будан ӯро омода кард ва рӯбарӯӣ бо муҳити нав дидашро ба зиндагӣ таӯйир дод.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)