Бозиҳои навбатии мусобиқаи ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якум ва олии мамлакат ба анҷом расид.
Тибқи иттилои ФФТ, дар ин давр, дастаи «ССКА Помир» бо «Гвардия»-и Душанбе қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби калони 8 бар сифр пирӯз шуд. «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи «Энергетик» вориди сабқат гашта, бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо гардид. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бошад, дастаи «Шодмон»-и Ҳисорро дар майдони худ қабул карда, бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омад. «Регар ТадАз» дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод. Қувваозмоии дастаҳои «Куктош» ва «Хайр» бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи меҳмонон- футболбозони дастаи «Хайр» анҷом ёфт.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, бозиҳои ҷавобии ҷоми футболи мамлакат рӯзи 14-уми сентябр байни ин тимҳо сурат мепазирад. «Гвардия»-«ССКА Помир», «Энергетик»-«Равшан», «Шодмон»-«Вахш» , «Ҳулбук»-«Регар ТадАз» ва«Хайр»-«Куктош».{jathumbnail off}