БДА: Парвандаи пахши маргбори кӯчаруб ба додситонӣ рафт
Бозрасии давлатии автомобилии шаҳрӣ мегӯяд, парвандаи марбут ба ронандаи сабукрави “Мерседес”-ро, ки зани 53-солаи роҳрубро дар назди меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кард, ба додситонии шаҳрӣ ирсол кардааст.
Як корманди БДА, ки худро Саидов муаррифӣ кард ба “Озодагон” гуфт, онҳо садамаро сабт карда, парвандаро ба прокуратураи шаҳрӣ фиристодаанд. Ӯ аз ифшои ному насаби ронанда ва ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ карда изҳор дошт, "салоҳияти дар ин бора гап задан"-ро надорад.
Пахши "даҳшатовар"-и кӯчарӯб аз ҷониби ронандаи "Мерседес" дар Душанбе
Як ронандаи "Мерседес" субҳи 28 сентябр Зеварбону Пирова, як зани роҳрӯби 53-соларо дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, рӯбарӯи меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” ба таври "даҳшатовар" пахш карда, фирор намудааст. Дар пайи дидани ин манзараи мудҳиш, ки ҷасад ба чанд қисм ҷудо шудааст, ду роҳруби дигар аз ҳуш рафта, дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шудаанд.
Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ин ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: "Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд”-гуфтанд тамизкорон.
Ба гуфтаи онҳо, Зеварбону соҳиби чор фарзанд буд ва шавҳару писари бузургаш дар Русия мардикоранд: “Ӯ як инсони хеле хуб буд. Ба наздикӣ бояд писари дуюмашро тӯй мекард”,
Дар ҳамин ҳол наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба ду қисм ҷудо намудааст: “Ҷасад аз миёнаш ду тақсим шудааст".
Аз Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, дар робита ба ин садама ронандаи “Мерседес” боздошт шудааст. “Муфаттиш ба баррасии ин парванда оғоз кардааст ва ҷузъиёти бештари он баъдтар эълон хоҳанд шуд”,-илова кард ҳамсуҳбати мо аз БДА. Гуфта мешавад, сари фармони "Мерседес" корманди мақомоти интизомӣ будааст, аммо расман ин хабар то ҳол тасдиқ нашудааст.
Ин дуюмин ҳолати пахши роҳрӯбон дар Душанбе дар ду рӯзи охир аст. Ду рӯз пеш аз ин, дар маҳаллаи мавсум ба 9-ум киллометр, Эркамоҳ, як роҳруби дигари тоҷик низ зимни тамиз кардани роҳ зери чархи мошин мондааст. Ӯ ҳоло дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист ва дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, вазъи сиҳатияш нисбат ба ду рӯзи қабл каме беҳтар шудааст. Аммо табибон бо далели ҳанӯз хуб набудани саломатӣ иҷозаи суҳбати бештар бо Эркамоҳро надоданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)