Иштироки Зуҳуров дар маросими қасамхурии Аҳмадзай
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар садри як ҳайат ба хотири иштирок дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Афғонистон озими шаҳри Кобул шудааст.
Дар ин сафар раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро Хайрулло Асозода, вазири нақлиёт ва Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии кишвар ҳамроҳӣ доранд.
Ин маросим имрӯз, 29 сентябр баргузор шуда, дар он Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳури нав ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчун раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қасам ёд хоҳанд кард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)