Расул Боқиев дар Ҷоми президент оид ба дзюдо иштирок мекунад
Расул Боқиев, варзишгари шинохтаи тоҷик, ки ҳоло дар Русия ба сар мебарад, ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Нурулло Лоиқов, райиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, Боқиев ҷиҳати иштирок дар Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо ба Душанбе меояд. “Расулро ҳамчун меҳмони ифтихорӣ даъват кардаем. Ӯ якуми октябр ба ватан меояд”,-афзуд ӯ.
Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо 5 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамчунин ба зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон рост меояд, доир хоҳад шуд. Дар ин мусобиқа иштироки 40 варзишгар аз кишварҳое монанди Русия, Белорусия, Миср, Эрон, Афғонистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва Гурҷистон дар назар аст.
Расул Боқиев дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии тобистона дар Пекин (2008), дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Рио де Женейро (2007), қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон (2007, 2010, 2011, 2012) ва қаҳрамони Русия (2009) мебошад. Ӯ 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар хонаводаи варзишгари саршинос Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.
Расул Боқиев феълан дар шаҳри Маскав зери раҳбарии мураббии маъруф Павел Владимиров тамрин мекунад. Ӯ моҳи июн ба Душанбе омада, дар доираи як мастер-класс ба варзишгарони шаҳри Душанбе, Ҳисор ва Рӯдакӣ ҳунару таҷрибаи худро омӯхт.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)