Тасдиқи рамз ва рӯзи махсуси Хуҷанд аз ҷониби вакилон
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд рамзи шаҳрро қабул намуда, 25-уми сентябрро Рўзи шаҳри Хуҷанд муқаррар кардаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд хабар доданд, вакилони маҷлис 25-уми сентябри соли равон дар иҷлосияи 18-уми даъвати 4-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Рамз ва Рўзи шаҳрро муқаррар намуда, минбаъд, 25-уми сентябрро ҳамчун Рўзи шаҳри Хуҷанд таҷлил хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки соле қабл маъмурияти шаҳри Хуҷанд барои тайёр кардани лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рўзи шаҳр» озмун эълон карда буд.
Манбаъ афзуд, ки ба озмун беш аз 150 тарҳи «Рамзи шаҳри Хуҷанд» пешниҳод гардид ва дар натиҷа аз байни тасвирҳои расида, пешниҳоди рассом - Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Маҳмудов қабул гардид, ки дар он рамзи Хуҷанд чунин тасвир ёфтааст:
1. «Рамзи шаҳри Хуҷанд» - рамзи фарҳанги ғанӣ ва ҳунармандии Хуҷанд - Хуршедшаҳр.
2. Офтоб - бо шуои худ рамзи қадимтарин шаҳр ва номгўи гузаштаи он шаҳри офтобиро ифода мекунад. Ҳамчунин, дар ин расм шакли нон, ки муқаддасоти зиндагист ва чархи гардун, ки нишони тағийрёбии кишвар ва гузашти айёмро нишон медиҳад, тасвир ёфтааст.
3. Китоб - дар худ ҳам маърифатнокӣ ва ҳам кишвари кўҳсор будани шаҳри Хуҷандро таҷассум менамояд. Он рамзи маърифатнокӣ, донишмандӣ, бузургдошти офаридаи олимон, ихтироъкорон ва дорои фарҳанги воло будани хуҷандиёнро нишон медиҳад. Дар гирди китоб рамзи тамаддуни ориёӣ ва сиккаҳои давраи сомониён тасвир ёфтааст, ки ин рамзи аз ҷиҳати иқтисодиёт истиқлолияти давлатро ифода мекунад.
4. Қалъа - рамзи истеҳком, устувории миллат дар роҳи озодӣ ва мустаҳкамии иродаи халқро дар роҳи ободӣ ифода мекунад.
5. Дарвозаи кушод - нишонаи дўстхоҳӣ, меҳмоннавозӣ ва ҳамраъйӣ дар роҳи рафоқат бо кулли башар.
6. Дарё - дарёи Сир, Сайҳун боиси гул-гулшукуфии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, рамзи идомаи ҳаёт, сарсабзии диёр, пайванди миллатҳо ва рўҳияи ободгароиро таҷассум менамояд.
7. Парчам - рамзи истиқлолияти миллат буда, бо ҳуруфоти Хуҷанд пайваста, пайванди гузаштаву имрўзу фардои халқро таҷассум менамояд.