Бохти Тоҷикистон аз Ироқ дар Бозиҳои осиёӣ
Мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи даври 1/8 финалии Бозиҳои осиёӣ-2014 аз тими миллии Ироқ шикаст хурд.
Ин дидор, ки зуҳри имрӯз дар шаҳри Инчхони Кореи Ҷанубӣ баргузор шуд, бо ҳисоби 2:4 анҷом ёфт. Ироқ роҳхати даври ¼ финалиро гирифт ва футболбозони тоҷик ба Ватан бармегарданд.
Тими миллии олимпии футболи Тоҷикистон дар даври қаблӣ бо Сингапур, Фаластин ва Умон ҳамгуруҳ буд (С) ва бо касби 6 имтиёз ба даври 1/8 финал роҳхат гирифт. Футболбозони тоҷик дар дидори аввал мунтахаби Сингапурро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд, аммо дар бозии дувум аз Фаластин бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардиданд. Дар рақобати сеюми хеш, ба дарвозаи Умон як голи беҷавоб заданд.
Тибқи муқаррароти Бозиҳои осиёӣ, дар он танҳо футболбозони то 23-сола иштирок мекунанд, аммо ҳар даста ҳуқуқ дорад, се бозигари синнаш аз 23 болоро ба ҳайат ворид намояд.
Мусобиқоти мазкур то чоруми октябр дар Инчхони Куриёи Ҷанубӣ идома хоҳад кард.