Луқмон Бойматов: Он чиро, ки Ҳасан мебинад, Ҳусейн ҳам метавонад бинад
“Озодагон” 23 сентябр зери унвони “Нома аз Самарқанд: Дуздиҳои рӯи рост дар китобҳои илмӣ шармандагӣ аст” номаеро ба нашр расонд, ки бо имзои Муродҷон Расулов, муаллими таърих аз шаҳри Самарқанд унвонии хабаргузорӣ расид. Муаллифи мактуб навишта буд, барои мушкил эҷод нашудан дар ҷойи кораш ном ва насабашро тағйир додааст. Ба иддаои нависандаи нома, профессор А. Саидов дар китоби академики “Таърихи халқи тоҷик” бе ин ки “ҳатто як бор ба навиштаҳои профессор М. А. Абдураҳимов, донишманди дар асл тоҷики Ӯзбекистони замони шӯравӣ, иқтибос кунад, сар то по ҳамаи матлабро аз номи худ навиштааст”. Баъди чоп шудани ин матлаб, Абдуқаҳҳор Саидов, доктори улуми таърих, сарходими илмии институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мақолае бо номи “Иғвои навбатии "муаррих"-и ба мурод норасида” гуфт, пушти номи Муродҷон Расулов, муаллими таърих аз шаҳри Самарқанд, муаррихи муқими Шветсия Луқмон Бойматов меистад. Ахиран, Луқмон Бойматов ҳам ба ин баҳс ҳамроҳ шуд ва ҳоло навиштаи ӯ пешниҳоди хонанда мегардад. “Ба олимоне, ки моҳияти илмро дарк намекунанд, сухан гуфтан аз назокати дониш ҳайф аст.
Ҳаргиз қасди посух доданро бар музахрафоти навбатии А. Саидов надоштам, вале ба хотири эҳтироме, ки ба ҳаводорони ҳақиқату адолат дорам, ночор пурсишҳоеро матраҳ мекунам, ки бар нафъи шаъни илм хоҳад буд.
Он чиро, ки Ҳасан мебинад, Ҳусейн ҳам метавонад бинад, вале агар тавони дид дошта бошад! Аммо вазифаам ин нест, ки собит кунам, Муродҷон ҳаргиз Луқмон нест. Чун ҷурме, ки А. Саидов дар «либоси олим» зери ҳимояти академик Р. Масов кардааст, аз назарҳо пинҳон нест. Он мисли шутури сиёҳест дар саҳро ва ҳар биёбонгард, бидуни ин ки заҳмат бикашад, метавонад ташхис бидиҳад. Аз ин рӯ, аз «ҳадсу кашфиёт»-и доктори улуми мо набояд таъаҷҷуб кард.
Бар «эродҳо»-и тараф пиромуни ин ки рисолаи мо фоқиди аҳамият аст, дар силсилаи мақолоти банда: «Хиёнат бар шаъни илм ё тавҳин бар таърихи миллат? // www. кemyaesaadat.tj. - TUESDAY, 29 APRIL 2014; Сарбадоронро дар ҳақиқат ба дор додем! // www. кemyaesaadat.tj. - SATURDAY, O3 MAY 2014; Об аз боло гилолуд аст. // www. кemyaesaadat.tj. - FRIDAY, 09 MAY 2014, матолиби муфиде ироа шудаанд. Ба далели ин ки нақди муфассали илмӣ бар китоби «Таърихи халқи тоҷик» («История таджикского народа») ба забони русӣ ва низ китоби ҷадиде ба номи «Худкомагони илм» ба чоп хоҳад расид, баҳсро мухтасар мекунам.
Пурсиши нахуст ин аст. Мӯҳтарам профессор! Агар илми шумо ин қадр пуру бо поя аст, пас ба чӣ иллат таърихи миллати тоҷик дар китоби илмӣ - академикӣ шӯру бемоя омадааст? Шумо фикр мекунед, ки бо таъйини маънии истилоҳоти арабӣ, туркӣ-муғулӣ, бо такрори андешаҳои кӯҳнаву ғалати дигарон, бо нақли таърихи сиёсӣ ва низомии хонҳои муғул ва бо матраҳ кардани матолиби дараҷоти дувуму севум аз равобити иҷтимоъии ақвоми муғул қазияҳои таърихи миллӣ ҳал шуданд?
Ку чеҳраҳои ҳақиқии қаҳрамонони таърихи асри муғул дар китоби таърихи миллат? Дар бораи ҷонфидоиҳо ва хезишҳои бухориён, хоразмиён, марвиён, нишопуриён, тоҷикони Афғонистон ва ғайраҳо чаро тафсири ҷадиде ба миён наёвардед? Магар шаҳидони роҳи озодӣ шоистагии зикри ёдро дар китоби таърихи сарнавишташон надоштанд? Ба чӣ далел шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди: Темурмалик, Маҳмуди Оташхор, Маҳмуди Торобӣ, Алии Торобӣ, Муҳаммади Торобӣ, Сарбадорони Самарқанд ва бисёр дигарон дар сафаҳоти «китоби миллӣ» хору зор матраҳ шуданд?
Шумо, ки дар баробари мо исми хонаводагии бенақс доред, пас чаро бо ин ҳама сайидзодагиву асолати наҷибзодагӣ, масоили дину мазҳаб ва имони мардуми тоҷикро дар китоби тақдираш беарзиш пиндоштаед? Фақат ба хотири ин ки Р. Масов динро қабул надорад, даст аз навиштани ҳақиқат шустаед? Ку садоқататон нисбати насабатон? Тафовут миёни одамон ин аст, ки бархе бо асолату насабашон меболанд, бархе бо ҷасорату фазилаташон.
Зимнан, дар баробари он чӣ, ки дар илм ошкор буд, шумо, ки «мутахассиси баландпояед», чӣ чизи тозае бар он афзудаед? Хуни ҷавонмардӣ дошта бошед, саҳматонро дар илм барои миллат бигӯед, ки нони онро мехӯред! Вале ман метавонам гӯям. Агар наметавонистам, кайҳо буд, ки қалам бар қаламдон мегузоштам.
Пурсиши дувум ин аст. Шумо мутмаъинед, ки қазияи асардуздӣ фақат дар матни «Таърихи мардуми тоҷик» (бо номи проф. А. Абдураҳимов) тамом мешавад? Дар бораи сирқат аз навиштаҳои А. А. Семенов, И. П. Петрушевский, О. Чехович ва дигарон, ки дар як бахши кӯчак маҷмӯъан беш аз 80 маворид аст, (яъне 70 % андешаҳои илмӣ дар ин китоби «муфтахар»-и Академияи Тоҷикистон), чӣ посухе хоҳед дод?
Ҳамчунин, шумо мутмаинед, ки «китоби илмиатон» ба номи «Политическое и социальное экономическое положение Бухарского ханства в XVII - первой половине XVIII вв. Ответственный редактор: д. и. н., профессор П. Х. Пирумшоев. - Душанбе, «Дониш», 2010, - 292 с. )» орӣ аз ин ҳама ҷурмҳо аст?
Доктори мӯҳтарам, ҷиддан мегӯям, боре ҳам андешидед, ки сирқати матолиби дар матни рисолаи докториатон ба маротиб бештар аз китобҳоятон аст? Ё фикр мекунед, ки дастраси матни рисолаатон ба онҳое, ки мехоҳанд бо муҳтавояш ошно бишаванд, ғайри мумкин аст? Аммо бар як чиз мутмаъин бошед, ки фурсати ҳисобу китоби ин қазия низ фаро хоҳад расид!
Пурсиши севум. Он гоҳ, ки аз «фитнаҳо»-и тараф ҳарф ба миён меоваред, таъаммуле бар гуфтаҳоятон мекунед ё хайр? Магар ҳамон дониши таърихиатон нагуфтааст, ки зӯргӯён ҳақиқатро ҳамеша «фитна» ном ниҳодаанд?! Шумо бо овардани асомии докторони улум, зеҳни мардумро гиҷ накунед! Ҳар касе, ки фазилат дорад, билохира, хоҳад фаҳмид, ки унвонҳои имрӯз фақат як порча қоғазанд. Он чӣ аз олим мемонад, андешааш аст. Чаро наметавонед аз андешаатон дифоъ кунед? Чун маълум аст, андеша надоред, ки дифоъ кунед!
Аз «навиштаҳои носавоби» мо нисбати «бузургони улуми таърих» гуфтед. Пас, чаро бо ин ҳама доноӣ нақде бар нақдҳо нанавиштед, то мардум бибинад, ки чӣ кори «савобе» ҷиҳати адолат дар ҳавзаи илм кардаед? Афкори ҳар кас сирати ӯст ва кирдори ҳар кас сурати ӯст. Мутаассифам, ин бор низ ба ҷои ин ки бар саҳли хеш маъзарат пурсед, боз ҳам аз аспи ҷаҳл пиёда нашудаед! Хостаед, бо радиф кардани шумороти сафаҳоти берабт бар сари мардуми оддӣ мост бимолед. Ва бар ин гумонед, ки унвони докториатон ҷавшани шаънатон ва зикри асомии докторони таърих паногоҳатон аст, вале бе хабар аз ин ки фозилон нақси фазлро хоҳанд дид ва доварон ҳукми ниҳоиро хоҳанд гуфт!
АЗ “ОЗОДАГОН”: Торнамои хабаргузорӣ танҳо барои риояи мувозинат дар сурати пешниҳод гардидан, андешаи ҷониби дигарро ҳам нашр мекунад. Ва он охирин матлаби чопшуда вобаста ба ин мавзӯъ хоҳад буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)