Тураҷонзода: Ҳаҷ тариқи пора назди Худо пазируфта намешавад!
Эшони Маҳмудҷон, руҳонии саршиноси тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо рафтан ба зиёрати Хонаи Худо тариқи ришваро номақбул хондааст. Ӯ гуфтааст, “қавли роҷиҳ ин аст, ҳаҷҷе, ки аз тариқи ришва адо мешавад назди Худованд пазируфта нахоҳад шуд.”
Ин руҳонии шинохтаи тоҷик дар шарҳи гуфтаҳои худ, илова кардааст, ки рафтан ба зиёрати Каъба бо ришва ҳар чанд фарзияти онро аз зиммаи шахс соқит мекунад, вале аз он подоше, ки Худованд барои зоирини хонаи худ ваъда додааст, бенасиб хоҳад монд: “Омурзиши гуноҳон, поксозии руҳу ҷон, таваллуди тоза барои инсон ва дар ивази ҳар танга ҳафтод баробар иваз додан ва савоби ҷиҳодро соҳиб шудан ва ба биҳишти ҷовидон роҳ ёфтан, баъзе аз фазилату савобҳои ҳаҷҷанд."”
Ин ҷавоби Эшони Маҳмудҷон дар посух ба саволи корбари торнамои Turajon.org аст, ки аз вуҷуди ришвахорию ришвадиҳӣ ҳангоми навбатпоӣ барои рафтан ба зиёрати Хонаи Худо хабар дода, навиштааст, “шахсе мехоҳад, ҳаҷ кунад, тамоми шароитро дорад, аммо бо сабаби навбат нарасидан наметавонад, равад, зеро то “пора” надиҳад намемонанд. Чӣ бояд кард оё бо додани “пора” ҳаҷ дуруст аст?”
Эшони Маҳмудҷон дар идома ҳукми ришва додан аз нигоҳи Исломро шарҳ дода, гуфтааст, ин амал ҳаром ва ришвагирандаю диҳанда ва миёнарав як ҳукм доранд: “Пас набояд мусалмон бо додани ришва зулм дар ҳаққи дигарон намояду бозори ришвахорон ва ҳаромхуронро гарм намояд. Ва дар интишрои ин марази фарогири иҷтимоӣ ва дар тағзияи ин паразити хунимардумхор, кумак намояд.”
Ин руҳонии тоҷик аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ҳангоми озими Хонаи Худо шудан аз ин гуна амалҳои нопок даст кашанд, ҳатто дар сурати маҳрум шуданашон аз сафари зиёрати Каъба: “Агар мусалмоне ба хотири парҳез аз додани ришва аз адо кардани фаризаи ҳаҷ боз монад, ва баъдан бо ин ҳол бимирад, назди Худованд гунаҳгор нахоҳад буд. Зеро яке аз шартҳои фарзияти ҳаҷ амнияти роҳ ва набудани монеаҳо дар сафари ҳаҷ аст."